Суғд: Мошинҳои Мерседес-Бенс ва КИА-7-ро сӯхтанд
Тавре ба Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ин ҳодиса дар кӯчаи Ленини маркази вилоят ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, рӯзи 1-уми июли соли равон ба қисми навбатдории ШКД-и Хуҷанд хабари телефонӣ ворид гардидааст, ки дар бораи дар назди бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Ленин 162 оташ гирифтани 3 автомашина хабар медод. Ду автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс ва як автомашинаи тамғаи КИА-7 оташ гирифтанд, ки соҳибони онҳо- бонкир, соҳибкор ва муаллим мебошанд.
Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 255 қисми 2 (қасдан несту нобуд ё вайрон кардани амвол бо роҳи оташзанӣ) боз шуда, тафтишот давом дорад.