Барқияи Раҳмон ба Обама
Имрӯз, 4-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Барак Ҳусейн Обама, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Тавре аз маркази матбуотии президенти кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, дар барқияи роҳбари давлат омадааст, Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад: «Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рўзи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақдим намоям. Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд». Мо мутмаинем, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи давлатҳои мо омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берунтар аз он мебошад, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи шодбошии худ ба Барак Обама. Номбурда илова намудааст, ки дар ин рӯзи саид ба ҷаноби президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба халқи дӯсти Амрико пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам.