Ғуломалӣ Пӯлодов, як сокини вилояти Суғд аснои гирифтани пора боздошт гардид.
Дар ин бора ба хабарнигории «Озодагон» аз раёсати корҳои дохилаи ин минтақа иттилоъ доданд. Бино ба қавли манбаъ, Ғуломалӣ Пӯлодов, сарвари муассисаи ислоҳии сукунатӣ давра ба давра аз маҳбус К.Х- шаҳрванди Истаравшан, ки барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъавар 4,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида, таърихи 29-уми декабри соли 2009 аз ҳабсхона ба муассисаи ислоҳии сукунати шаҳр гузаронида шуда буд, ришва меситонидааст.Гуфта мешавад, ин зиндонӣ мебойист, 2-юми ноябри соли 2011 ба озодӣ мебаромад, аммо масъули зиндон бо ваъдаи пеш аз мӯҳлат озод намудани ӯ пора талаб мекардааст.
Вай бо ин баҳона аз маҳбус маблағи пулӣ ба миқдори 1000 доллари амрикоӣ низ гирифта, зимни аз қайдгузаронии ҳар даҳрӯза аз 200 то 500 сомонӣ таъма мекард. Минбаъд К.Х. ба додани ришва тоқат карда натавониста, аввали моҳи июни соли равон дар ин бора ба прокуратураи вилояти Суғд хабар додааст.Кормандони додситонӣ аснои баргузории як амалиёт Ғуломалӣ Пӯлодовро, ки мехост аз маҳбуси мазкур 1-тонна семент пора ситонад, боздошт карданд. Нисбати раҳбари муассисаи ислоҳии сукунатӣ Ғуломалӣ Пӯлодов аз рӯйи моддаи 319, қисми 4, банди «в»-и ( гирифтани пора, бо тамаъҷӯӣ) Кодекси Ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардидааст.