Масоили марбут ба бонку бонкдорӣ баррасӣ мешавад
Рӯзи 13-уми июли соли равон дар Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Проблемаҳои такмили қонунгузории бонкӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» сурат мепазирад.
Дар ин бора аз Маркази миллии қонунгузории назди президент ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд.
Бино ба қавли сарчашмаи хабар, чорабинии мазкур бо ибтикори ин марказ гузаронида шуда, дар он олимон ва мутахассисону коршиносони соҳа ширкат мекунанд. Қарор аст дар ин ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои рушди низоми қонунгузории бонкӣ, ташкилотҳои қарзии хурд, танзими ҳуқуқии бонкҳои тиҷоратӣ ва проблемаҳои марбут ба онро баррасӣ кунанд .
Ёдрас менамоем, Маркази миллии қонунгузории назди президент моҳи марти соли 2009 таъсис ёфтааст.