Истиқлол ба чорякфинал мебарояд. Парвоз аз идомаи бозӣ даст кашид
Дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол 12 тими Лигаи олӣ, ду дастаи ғолиби даври пешакӣ- РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон) «Далерон»-и шаҳри Истаравшан ва як дастаи лигаи якум- «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок хоҳанд кард.
Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, бо сабаби мушкилоти молӣ аз ширкат дар мусобиқот барои дарёфти ҷоми мазкур даст кашид. Зимнан, рақиби «Парвоз» дар ин давр, тими «Истиқлол»-и Душанбе бидуни рақобат ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифт.
Рӯзи 7-уми июл тими «Хайр»- и Вахдат бо дастаи «Далерон»-и Истаравшан дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат вориди рақобат мешавад. «Равшан»-и Кӯлоб бо «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб қувва меозмоянд. ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Вахш» Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ бозӣ хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, 8-уми июл, дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа, «РТСУ»и Душанбе бо дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар варзишгоҳи Спитамени Душанбе ба майдон мебароянд. «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо «Ҳосилот»-и Фархор дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Истаравшан»-и Истаравшан дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.