Соҳибкорони Бразилия ба Тоҷикистон меоянд
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бразилия баррасӣ гардид.
Зимнан дар мулоқоти Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алфредо Сезар Мартино Леонӣ, сафири Бразилия дар Душанбе ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар чорчӯбаи ташкилотҳои байналмилалӣ ва инчунин дигар масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба баррасӣ гирифта шуд. Аз ВКХ ба «Озодагон» гуфтанд, ки зимни вохӯрӣ сафир номаи президенти Бразилия хонум Дилма Руссефро, ки унвонии райисҷумҳури Тоҷикистон ирсол шудааст ба намояндагони вазорат таслим кард. Леонӣ гуфтааст, кишвараш ният дорад, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба як гурӯҳи соҳибкорони Бразилияро ба Тоҷикистон фиристад. Қарор аст, ин гурӯҳ бештар ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, истифодаи об ва ғанигардонии заминро баррасӣ намоянд.