Рамил Нодиров фармондеҳии «Ҳифз-2012»-ро дар Бадахшон ба ӯҳда дорад
Аз 3-юм то 10-уми июли соли равон дар қаламрави ВМКБ бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони ҳарбӣ ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, аз рӯи мавзӯи омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора аз вазорати мудофиа ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд. Манбаъ ҳамчунин афзуд, зимнан дар ин тамриноти ҳарбӣ комиссарони низомӣ ва ҷузу томҳои сохторҳои қудратии ин гарнизон ҷалб гардида, яроқу аслиҳаи мухталифи оташфишон, чархболҳои ҳарбиву нақлиётӣ, техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва тӯпҳо истифода мегарданд: «Машқҳои васеъи низомӣ, таҳти унвони «Ҳифз-2012» роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини аввали Вазири мудофиа Рамил Нодиров ташкилу ба роҳ монда мешавад».
Гуфтанист, ҳадаф аз баргузории маҷмӯи машқҳои амалиёти тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, дар вилояти Бадахшон барои сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти дастаҳои амалиёти – тактикӣ бо вусъат додани қӯшунҳои гарнизони Хоруғ, қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, коркарди хусусияти баланди маънавӣ-ҷангӣ, устувории рӯҳӣ, қобилияти ҷисмонӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, сафарбарии қӯшун ва омодагии доимии ҷузъу томҳои низомӣ дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангӣ дар шароити дашту саҳро ва куҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.