Асрорӣ ба Накаяма аз асрори таърихи панҷҳазорсолаи тоҷикон қиса кард
«Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки як ёдгории таърихиро ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудем. Ин ёдгорӣ Саразм мебошад».
Ин нуктаро Мирзошоҳрӯх Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни мулоқот бо сафири Ҷопон дар кишвари мо Йошихиро Накаяма иброз дошт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, Мирзошоҳрух Асрорӣ оид ба истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки Тоҷикистон таърихи хеле қадим ва бой дорад. «Ёдгориҳои таърихи Тоҷикистон таърихи панҷ ҳазор сола дорад, -гуфт вазир ва илова кард, ки ёдгориҳои таърихии динӣ, зораастризм, будоӣ, насронӣ, неостронӣ, исломӣ ва ёдгориҳои таърихии қалъавӣ зиёданд». Вазир зимни сӯҳбат бо сафири ҷопонӣ гуфт, ки барои тармими Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷопон кӯмак кардааст. Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳамчунин гуфт, ки моҳи сентябри соли равон дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳи ду иншооти фарҳангӣ- Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар осорхона таҷҳизоти замонавӣ гузошта мешавад ва беҳтарин арзишҳои таърихии тоҷикон онҷо ҳифз хоҳанд шуд, илова кард вазир.