Мансабдорони тоҷик манфиатҳои кӯтоҳмуддатро аз дарозмуддат авлотар медонанд
Кам кардани сарбории андоз дар Тоҷикистон манфиати дарозмуддат дошта, дар сурати амалӣ намудани он ҳадди аксар се сол пас кишварро рушди босуръати соҳибкорию сармоягузорӣ фаро хоҳад гирифт.
Ин нуКтаро Константин Бондаренко таъкид карда афзуд, ки бо вуҷуди ин мансабдорони тоҷик аз кам кардани андозҳо худдорӣ карда, манфиатҳои дарозмуддатро аз кӯтоҳмуддат авлотар медонанд: «Дар сурати кам кардани андозҳо ҳадди аксар таи се сол соҳибкорӣ ба таъсири сабукии андозҳо аз фаъолияти пинҳонӣ (пӯшида) мебарояд, даромадаш бештар мешавад, истеҳсолот зиёд мегардад, сармоягузорӣ густариш меёбад, ҷойҳои нави корӣ ташкил мешаванд ва ҳамин тариқ аз ҳисоби афзоиши манбаъҳои андозбандӣ даромади буҷет ба маротиб зиёд мегардад. Давлат он замон имкон пайдо мекунад, ки мақсадҳои дар самти иқтисодию иҷтимоӣ гузоштаашро бо суръату сифати ба маротиб беҳтар амалӣ созад».
Бондаренко баъди кам кардани андозҳо то як муддати кӯтоҳ коҳиши даромади буҷетро ногузир гуфта, афзуд, ки ин ҷо таваккал аст, ки ягон масъули Тоҷикистон онро ба гардан намегирад: «Тавре бармеояд, роҳбарияти олӣ омода аст, онро ба дӯш гирад, вале мансабдорони сатҳи вазиру муовинҳои вазир, раисони кумитаҳою хадамот, ки айни ҳол байни ҳам рақобат доранд, монеаъ эҷод мекунанд».
Бондаренко мегӯяд, камбудии хизмати давлатии мо аст, ки мансабдорон манфиатҳои кӯтоҳмуддатро аз дарозмуддат пеш мегузоранд. Вай мӯътақид аст, ки дар сурати идомаи ҳолати мавҷуда, солҳои наздик имкониятҳои буҷети давлат тамоман маҳдуд хоҳанд шуд, чун корхонаҳои мавҷуда муфлис бекор, ё ҳаҷми истеҳсоли молу хизматрасониҳоро коҳиш медиҳанд. Тоҷирони тоҷик метавонанд дар кишварҳои дигари ҳамсоя, аз қабили Қирғизистону Қазоқистон тиҷорат оғоз кунанд, чун замони рақобат аст ва соҳибкор кишвареро интихоб мекунад, ки шароити беҳтар фароҳам кардаст.