Эмомалӣ Раҳмон ба Киев парвоз кард. Рустами Эмомалӣ низ
Рӯзи гузашта, 1-уми июл президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ ба Украина рафт.
Дар ин сафар райисҷумҳурро мушовири давлатии президент дар умури сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар мавриди барномаи сафари президенти кишвар то ҳанӯз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ надодааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки Украина сохтани таҷҳизоти марбут ба неругоҳҳои Тоҷикистонро ба зимма дорад ва боздиди Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба ин ҳадаф аст.
Ҳамзамон бо даъвати Мишел Платинӣ, президенти УЕФА (Созмони футболи Аврупо), Рустами Эмомалӣ, раиси ФФТ низ дирӯз барои тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо 2012 ба Киев парвоз кард. Ӯро дар ин сафар Азизбек Раҷабов, ноиби раиси ФФТ, Хуршед Мирзоев, раиси Федератсияи футболи Душанбе ва Шоҳрух Саидов, президенти тими футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҳамроҳӣ мекунанд.