Тавилдараро нерӯгоҳҳои Чехия равшан мекунанд
Ширкати чехии «Виктория проект Душанбе» қасд дорад дар ноҳияи Тавилдара 5 нерӯгоҳи хурди барқӣ бунёд кунад.
Хуршед Абдуллоев, директори ширкати мазкур ба хабаргузории Озодагон гуфт «Виктория проект Душанбе» ҳамчунин мехоҳад дар сохтмони 12 нерӯгоҳи хурди барқии шаҳри Ваҳдат низ саҳм гузорад. Хуршед Абдуллоев афзуд, маблағи умумии лоиҳаи пешниҳоднамудаи ширкат 500 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Зимнан, ҷониби Тоҷикистон розигии худро барои амалишавии тарҳҳои мазкур иброз доштааст. Ба иттилои манбаъ «Виктория проект Душанбе» ҳамчунин тасмим гирифтааст насбу ҷамъоварии таҷҳизотҳоро барои нерӯгоҳои хурди оби барқӣ дар шаҳри Ваҳдат ба роҳ монад.