2011-05-05 10:13
Омор дар Тоҷикистон дақиқтар гардида, ба низоми аврупоӣ мутобиқ карда мешавад. Тавре ба хабаргузории «Озодагон»
аз Оҷонсии омори кишвар иттилоъ доданд, ба ин муносибат ва дар доираи татбиқи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи миллии омор» (ТОҶСТАТ) ҳамойиши вижа баргузор шуд.Зикр гардид, ки лоиҳаи «Дастурамали омори молияи давлатии соли 2001» (СГФ-2001, МВФ), кори худро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид. Дар баррасии мавзӯъ мутахассисони оҷонсии мазкур, намояндагони вазороти зидахли кишвар ширкат доштанд. Ҳамойиш таҳти роҳбарии коршиносони омори Дания сурат пазируфта, яке аз масъалаҳо ба низоми пешбурди омори молияи давлатии Дания ошно гардонидани коршиносони тоҷик арзёбӣ гардид.