Ҳамсари президент: Ман канизу хидматгори Миср мебошам
Ҳамсари раисҷумҳури тозаинтихоби Миср Муҳаммад Мурсӣ Нагля Маҳмуд, гуфтааст, ӯро “Бонуи рақами 1-и Миср” наноманд.
" Ягон хел бонуи рақами 1 дар Миср мавҷуд нест, танҳо ходим(а)-и рақами 1-и Миср ҳаст, ҳама шаҳрвандони Миср баробаранд”, - гуфтааст бону Нагля Маҳмуд, ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ.
Ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ, қайд кардааст, ки ӯро мисли одоти мардумони Шарқ “Модари Аҳмад” (номи писари калониаш), “Нагля-хоҳар” ё “Ҳоҷӣ-хола” ном бубранад, беҳтар аст.
Ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ соли1962 таваллуд шуда, аз соли 1978 бо Мурсӣ ҳамхона буда, 5 фарзанд доранд.Худи Нагля аз фаъолони “Ихвонулмуслимин” буда, дар Амрико ба корҳои хайриявӣ машғул будааст. Ихтисоси “Канизи рақами 1-и Миср” тарҷумон будааст.