Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон ду маротиба зиёд шудааст
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон то ҳол ба кишвар 34 ҳазору 584 тонна гази моеъ асосан аз Қазоқистон дохил шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна бештар мебошад.
Бо вуҷуди талаботи зиёд ба ин намуди сӯзишворӣ нархи он таи моҳҳои охир дар паи арзонишавии нафт поён рафтааст.
Гази моеъ, ки истифодааш дар Тоҷикистон давоми ду соли охир босуръат зиёд шудааст, айни ҳол дар бозорҳои кишвар нисбат ба аввали моҳи ҷорӣ 11 фоиз ва оғози баҳори имсола наздики 30 фоиз арзонтар дар фурӯш аст.
Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон айни ҳол нархи як литр гази моеъ 2 сомонию 60 дирамро ташкил медиҳад, ки нисбати нархҳои аввали моҳи ҷорӣ 30 дирам арзонтар аст. Масъулини вазорати мазкур нархи як литр газро дар оғози моҳи ҷорӣ 2,6 сомонӣ ва моҳи марти соли ҷорӣ -3,5 сомонӣ арзёбӣ мекунанд.
Сабаби арзонишавии гази моеъ ба ба коҳиши нархи нафт дар ҷаҳон рабт дода мешавад, ки ду моҳи охир суръат гирифт. Имрӯз нархи як бушка нафти навъи брент дар бозори ҷаҳонӣ 91 долларро ташкил медиҳад, ки нисбати нархҳои аввали моҳи апрели ҷорӣ 30 доллар арзонтар аст.