БҶ дар Тоҷикистон модели нави муносибати давлатро ба соҳибкорон пешниҳод кард
Созмони молиявии байналмилалӣ, яке аз зерсохторҳои Бонки ҷаҳонӣ дар натиҷаи омӯзиши муҳити соҳибкории Тоҷикистон муайян кардаст, ки мушкилоти бахши хусусӣ дар кишвар ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ рабт мегиранд.
Тибқи иттилои намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, рӯзе пеш бо натиҷаҳои пешакии омӯзиши мазкур, аллакай намояндагони бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳукуматӣ шинос шудаанд. Намояндагони бонки ҷаҳонӣ мегӯянд дар кишвар мушкилоти асосии корхонаҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тақрибан якхелаанд ва асосан зимни муносибат ниҳодҳои давлатӣ сурат мегиранд. Бо назардошти мушкилзо будани муносибати ниҳодҳои давлатӣ барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар Тоҷикистон зимни муаррифии натиҷаҳои омӯзиш пеш аз ҳама роҳҳои ҳавасмандкунии ниҳодҳои давлатӣ барои хизматрасонии беҳтар ба бахши хусусӣ баррасӣ шудаанд.
Аз ҷумла, таҳиягарони омӯзиш ба хулоса омадаанд, ки дар Тоҷикистон бояд модели муносибати ниҳодҳои давлатӣ бо намояндагони бахши хусусӣ нав гардад. Аз модели мавҷуда, ки ниҳодҳо ба назорати меъёрҳои гуногун машғуланд, зарур аст, ки ба намояндагони бахши хусусӣ ҳамчун ба муштарӣ муносибат намоянду розигии муштарӣ сармашқи корашон бошад.
Ин модел ба гуфтаи намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар муносибати давлату бахши хусусӣ дар Тоҷикистон таҳавуллот хоҳад овард.