Ба иттилои манбаъ конфронсро вазир Мирзошоҳрух Асрорӣбо суханони зер ифтитоҳ бахшид: «Устод Турсунзода бидуни шак яке аз барҷастатарин, пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабии рӯзгори мо буд, ки бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш, ҳангоми сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ ба кишварҳои дуру наздик ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмонавозии тоҷиконро бо кишварҳои дигар армуғон бурдааст». «Андешаҳои Мирзо Турсунзода оид ба аввалин асари адабиётшиносии Айнӣ», «Ватанпарварӣ - меҳвари ашъори Турсунзода», «Қафқоз аз назари Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода дар библиографияи тоҷик» аз мавзӯъҳои дар конфронс баррасигардида буд.