Узбакистон тасмими хориҷ шуданаш аз СПАД-ро шарҳ дод
Роҳбарияти Узбакистон иллати қатъи узвияташ дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро шарҳ додааст.
«Комерсант» бо такя ба манбае аз Вазорати умури хориҷаи Узбакистон навишта, ки Тошканд ба «нақшаҳои стратегии СПАД дар самти Афғонистон» (дақиқ нагуфта, ки кадом нукта боиси норозигии Узбакистон шудааст) ва ҳамчунин нақшаҳо оид ба таҳкими ҳамкориҳои низомӣ дар чорчуби созмон розӣ нест.
Манбаъ гуфтааст, ки сабабҳои дигаре низ ҳастанд ва ҳамаи ин дар маҷмӯъ боиси нотаи Ӯзбакистон ба котиботи СПАД шудааст.
Ёдовар мешавем, чанде қабл котиботи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ эълон кард, ки ҳукумати Узбакистон бо ирсоли нотае аз қарори қатъи узвият дар созмони мазкур хабар додааст.
Ин бори дуюм аст, ки Тошканд узвияташ дар СПАД-ро қатъ мекунад. Бори нахуст cоли 1999 аз он хориҷ шуда буд.
Иттиҳоди сиёсиву низомии СПАД аз сӯи кишварҳои пасошӯравӣ аввоили солҳои 1990- ум бо узвияти Русия, Арманистон,Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дертар Беларус ташкил шуд.