Сангҳои қимматбаҳои «Нигини Гулшан» ба яғмо рафт
Дар ин бора Гулшан Маҳмудоваи 41-сола, сокини кӯчаи Адҳамови пойтахт бо ариза ба ВКД муроҷиат кардааст.
Бино ба қавли ӯ, Файзалӣ Қодиров, маскуни кӯчаи Убайди Зоконии шаҳри Душанбе якҷо бо рафиқонаш-Комрон Ҳомидови 21-сола ва Абдурасул Мирзоеви 22- сола, сокинони кӯчаи Титов бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, рӯзи 21-уми ноябри соли 2011 ба маблағи 44.400 доллари амрикоӣ сангҳои қимматбаҳоро гирифта, бо ҳамин ғайб мезананд.
Манбаъ афзуд, ки инчунин Қодиров моҳи январи соли 2012 бо роҳи фиреб ба боварии Робияхон Тоҷибоеваи 42- сола, сокини кӯчаи Титов даромада, аз ӯ 10. 000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Зимни амалиёти кормандони милитсия дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Файзалӣ Қодиров бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
- Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад,-афзуд манбаъ.