Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Душанбе
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод, ки дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби корхонаву муассисаҳо ба шаҳрвандон зиёда аз 4 ҳазору 50 ҷойи корӣ пешниҳод гардид, ки 1950-тоашро ҷойҳои кори холӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ташкил медиҳад.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, дар ярмарка беш аз 37 корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе ва 10 ширкати дорои иҷозатнома (литсензия)-и интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа, аз он ҷумла КВД “Тоҷикхориҷакор”, КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” иштирок намуданд: «Ба шаҳрвандони корҷӯй аз тарафи муассисаҳо ва корхонаҳо барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар дохили кишвар 27 роҳҳат ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор барои дарёфти ҷойҳои холии корӣ дар хориҷи кишвар 250 роҳҳат пешниҳод гардид».
Манбаъ мегӯяд, ин иқдом бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати кишвар дар якҷоягӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират роҳандозӣ гардидааст.