Ӯзбакистон дубора узвияташро дар СПАД (ОДКБ) қатъ кард
Интерфакс ва РИА Новости истинодан ба манбаъи доираҳои дипломатии Маскав дар ин бора хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти сарчашмаи хабар, ба котиботи ин созмон аз ҷониби Ӯзбакистон нотаи махсус расидааст. То ҳанӯз сабаби аз ин созмон дур шудани Ӯзбакистон маълум нест ва Тошканд низ ин тасмимашро шарҳ надодааст.
Бояд гуфт, ки дар гузашта низ Тошканд узвияташро охири солҳои 1990 то миёнаҳои солҳои 2000 ум дар СПАД қатъ карда буд.
Иттиҳоди сиёсиву низомии СПАД аз сӯи кишварҳои пасошӯравӣ аввоили солҳои 1990- ум бо узвияти Русия, Арманистон,Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва дертар Беларус ташкил шуда буд.