Душанбе ва Боку боз ҳам наздиктар мешаванд
Тамоми ҳуҷҷатгузориҳо дар масъалаи ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку миёни ду ҷониб омода буда, рӯзҳои наздик парвози нахсутин ба роҳ монда мешавад.
Ин нукта зимни мулоқоти Низом Ҳакимов, вазири нақлёти кишвар бо Аббосалӣ Ҳасанов, сафири фавқулода ва мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон иброз гардид.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ҷаноби сафир қайд кардааст, ки масъалаи кушодашавии хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку бояд ҳар чӣ зудтар ҳалли худро ёбад: «Ифтитоҳи ин хатсайр ҳам аҳамияти сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ дорад. Тамоми ҳуҷҷатҳо омода шуда ва баъди ташрифи президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон, ки рӯзҳои наздик сурат мегирад, бояд парвози нахустин роҳандозӣ гардад».
Ба қавли Низом Ҳакимов хатсайри мазкуро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба роҳ мемонад. Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ афзуд, ки роҳбарияти ширкатро лозим аст бо ширкати озарбойҷонӣ тамоми паҳлӯҳои масъаларо омӯхта, хароҷот, реҷаи парвоз ва дигар масъалаҳоро таҳлил намуда, баъдан дар шакли мактуб ба роҳбарияти ҳукумати ҳар ду кишвар пешниҳод намоянд: «Мо ҷонибдори ҳар чӣ зудтар ҳал гардидани масъала ҳастем»,- илова кард вазир.
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 22 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо Аббосалӣ Ҳасанов ин рақамро ҳанӯз нокофӣ медонад. Масъулини сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои паст будани ҳаҷми гардиши молро миёни ҷонибҳо дар набудани парвози мустақим миёни Тоҷикистону Озарбойҷон медонанд.