261% афзудани воридоти мошин ба Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон моҳе ба миқдори 20 миллион сомонӣ мошинҳои сабукраву боркаш хариду фурӯш шуда, ба иттилои расмӣ дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми бозори чаканаи мошин 95 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон асосан мошинҳои воридотӣ аз кишварҳои назди Балтика ва Аврупо хариду фурӯш шуда, нархашон аз ҳолат, тамға, масофаи гашт, соли барориш, ҳаҷми сарфи сӯзишворӣ, қуввати муҳаррик ва ғайра вобаста аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, нархи мошин дар Тоҷикистон яке аз арзонтаринҳо дар минтақа буда, ба кишвар асосан мошинҳои арзишашон аз 2,5 то 3 ҳазор доллар ва аз он болотар ворид мешаванд.
Тибқи иттилои расмӣ имсол воридоти мошин ба Тоҷикистон нисбати соли қабл ба маротиб зиёд шуда, ба ҳисоби масъулини гумрук танҳо дар панҷ моҳи гузашта ба кишвар ҳудуди 18 ҳазор мошини сабукрав ворид гардидаст. Воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, 261 фоиз бештар гардидаст.