Тоҷикистон ҳашт созишномаи қарзию грантии нав мебандад
Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад то охири соли ҷорӣ боз ҳашт созишномаи қарзию грантиро ба маблағи 502 миллион сомонӣ, муодили 105 миллион доллар имзо намояд.
Дар панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ чор созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи 220 миллион сомонӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба гуфтаи масъулини молияи тоҷик 80 фоизи ин маблағҳо грант мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 14 миллион доллар зиёд шуда, ба ҳолати аввали моҳи апрел 2 миллиарду 138 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои масъулини молияи Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи май 41 фоизи қарзи хориҷии кишвар ба Чин рост меояд. «Аз 2 миллиарду 138 миллион доллари амрикоӣ, ки Тоҷикистон ба ҳолати моҳи майи соли ҷорӣ аз кишварҳои хориҷию созмонҳои молиявии байналмилалӣ қарздор аст, бештар аз 878 миллион доллараш қарзи Чин мебошад»,-афзуд манбаъ.
Масъулини Вазорати молия таъкид менамоянд, ки қарзҳои Чин бо фоизи паст, - на зиёда аз 2 фоиз ва ба мӯҳлатҳои дароз, – на камтар аз 20 сол дода шудаанд.
Дар аввали моҳи ҷорӣ Вазорати молия аз имзои созишномаи нави қарзӣ бо Чин иттилоъ дод, ки тибқи он 50 миллион доллари дигари қарзи чинӣ ба тадбиқи марҳилаи сеюми роҳи Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Хоруғ - Қулма равона хоҳад шуд.
Ин маблағҳо саҳми Чинро дар маҷмӯи умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 50 фоиз наздик оварданд.