«Вазири нақлиёти Қирғизистон перомуни судовар набудани тарҳи роҳи оҳан ҳарфе нагуфтааст»
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дар мавриди ин ки гӯйё вазири нақлёти Қирғизистон сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирқизистон-Тоҷикистон-Эронро барои кишвараш судовар надонистааст, беасос хонд.
Тавре аз Вазорати нақлёти кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, Қалиқбек Султонов, вазири нақлёти Қирғизистон дар ҳузури Низом Ҳакимов, вазири нақлёти Тоҷикистон гуфтааст, сохтмони роҳи оҳани мазкур бояд дар сатҳи ҳукумат ҳалли худро ёбад. «Ӯ дар бораи судовар набудани ин роҳ ҳарфе нагуфта ва ҳеҷ гуна эътирозе ҳам накардааст»,-афзуд манбаъ. Қалиқбек Султонов илова намудааст, ки дар ин маврид ӯ ҳуқуқи аз номи ҳукумати Қирқизистон қарор карданро надорад. Масъулини Вазорати нақлёти Тоҷикистон иброз намуданд, ки роҷеъ ба ин масъала хабарҳо замоне паҳн шудаанд, ки дар Бишкек нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирқизистон бо роҳбарии вазирони нақлиёти ҳар ду кишвар ҷараён дошт. «Дар мулоқот оид ба норозигии ҷониби Қирқизистон дар ин маврид ягон гап набуд»,-илова кард сарчашмаи хабар.
Маврид ба ёдоварист, ҷониби Эрон барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми як миллион доллар кӯмаки бебозгашт ҷудо кардааст.