Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ки субҳи имрӯз ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи мазкур як гурӯҳи корӣ аз кишвари мо ба Ашқобод сафар намуд. Ба иттилои манбаъ дар ҷаласаи сеюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин имзои як протаколи нав ҳам дар назар аст. Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҷаласа афзоиши содироти маводи нафтии Тукманистон ба Тоҷикистон низ матраҳ мегардад. Лозим ба ёдоварист Туркманистон яке аз кишварҳои содиркунандаи нафт ба Тоҷикистон ба шумор меравад.