ИМА ба Тоҷикистон назар ба Русия 5 маротиба бештар кӯмак кардаст
Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба кишвар дар ҳаҷми 36 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона ворид шудааст.
Аз ҷумла, ба маблағи 2,1 миллион доллар орд, 605 ҳазор доллар равғани растанӣ ва аз ҳама зиёд доруворӣ ба маблағи 17,5 миллион доллар ба сифати кӯмаки башардӯстона дохили кишвар гардидаст.
Ба иттилои оморӣ тайи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 31 кишвари хориҷи дуру наздик кӯмаки башардӯстона кардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоно калонтарин кӯмакрасони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, зиёда аз нисф -50,5 фоизи кӯмаки воридшуда ба Тоҷикистон аз ИМА омадааст.
Дар пайи ИМА Русия қарор дорад, ки саҳмаш дар ҳаҷми умумии ёрии гирифтаи Тоҷикистон, 10,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми кӯмакҳои воридшуда ба Тоҷикистон ба Миср 5,8 фоиз, Нидерландия 4,6 фоиз ва ба Қазоқистон 2,9 фоиз рост меояд.