Э.Раҳмон: Ваҳдат ҳамвазни истиқлол аст
Имрӯз, 26-уми июн дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдат баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, дар ин ҳамойиш Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва ҳамвазни истиқлол номида, аҳли толор ва кулли мардумро ба қадрдонию арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ даъват намуд.
Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати солҳои муноқишоти мусаллаҳона ва музокироти зиёди мураккаб миёни тарафҳои муқобил президенти Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии кафили сулҳ ва ҳамчунин ҳар як нафаре, ки дар барқарорсозии сулҳу осоиш дар Тоҷикистон як зарра саҳм гузоштааст, арзи сипос кард.