Бозии «Регар –ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Вахш»-и Қурғонтеппа бинобар иштироки 4 нафар футболбози дастаи Регар дар мусобиқоти байналмилалии «Кубоки 10-солагии СҲШ» дар шаҳри Остона ба вақти дертар гузошта шуд. Ҳамчунин бозии «Регар-ТадАЗ» бо “Равшан”-и Кӯлоб низ ба таъхир афтода, на 9-уми июн, балки дертар баргузор мегардад. Имрӯз бошад, миёни тимҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Гвардия»-и Душанбе бозӣ сурат мегирад. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Равшан» бо 29 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад, тими «Истиқлол», ки се бозӣ камтар кардааст, бо 28 имтиёз дар ҷои дуюм аст. «Регар-ТадАЗ» 25 хол дошта, мақоми ифтихории сеюмро ишғол кардааст.