13 миллион доллар афзудани содироти металҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон
Тибқи иттилои расмӣ тайи чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишвар ба маблағи 31 миллиону 600 ҳазор доллари амрикоӣ металҳои қимматбаҳо содир шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,8 миллион доллар бештар мебошад.
Ба иттилои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон соли гузашта дар кишвар 2 тоннаю 241 килограмм тилло истеҳсол шудаст, ки дар муқоиса бо соли 2010-ум 135 кило зиёд мебошад.
Ба гуфтаи масъулини вазорат, аз ҳаҷми умумии тиллое, ки ҳамасола дар кишвар истеҳсол мегардад, ҳудуди 60%-аш дар дохил монда, 40% -аш ба хориҷа содир мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ аз вазорат, ҳамасола моҳи октябр ба ҳукумат барои муайян намудани эҳтиёҷоти Бонки миллӣ ва Вазорати молия мактуб равон мешавад. Танҳо баъди қонеъ намудани талаботи ин ниҳодҳо тиллои Тоҷикистон ба хориҷа содир мегардад.
Инчунин ҳамасола, аз тиллои истеҳсолшудаи Тоҷикистон як миқдори муайянаш барои корхонаҳои заргарӣ пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол дар кишвар 8 корхонаи истеҳсоли тилло фаъолият дошта, дар назар аст, ки имсол ҳаҷми тавллиди ин метали қимматбаҳо ба 2 тоннаю 441 килограмм расонда шавад.