Фаъолияти як ташкилоти миллатгаро дар Русия табу эълон гардида, аз идомаи корзор маҳрум гардид.
Тибқи иттилои додситонии кулли Русия, додгоҳи вилояти Владимир созмони ба ном "Иттиҳоди сартосарии рус"-ро, ташкилоти миллатгаро (неонатсионалистӣ) хонда, онро ба феҳрасти созмонҳои ифротӣ ворид кардааст. Гуфта мешавад, тайи ду моҳи ахир ин дуюмин созмони миллатгаро аст, ки мақомоти Русия фаъолияти онро мамнуъ эълон мекунанд.Дар моҳи апрел "Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ» низ ташкилоти ифротӣ шинохта шуд ва аз фаъолият бозмонд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси назарсанҷиҳои маркази таҳлилии «Левада» миллатгароён дар Русия бештар ҷонибдоронро ба сафҳои худ ҷалб карда, феълан ҳудуди 58-фойизи сокинони ин кишвар аз даъвати «Русия барои русҳо» пуштибонӣ мекунанд.