ИМА ба роҳи Қошғар - Ҳирот зиддияте надорад
Кен Гросс, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки кишвараш зиддияте дар мавриди роҳи оҳани Қошғар - Ҳирот, ки Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эронро бо ҳам мепайвандад, надорад.
Вай дар шароити мавҷуда тадбиқи ин лоиҳаро то ҷое тасаввурнопазир арзёбӣ кард, зеро дар доираи он пайвастани масофаи хеле калони шароити ҷуғрофиаш мураккаб дар назар буда, маблағҳои хеле бузург металабад. Сафири ИМА таъкид кард, ки дар баробари роҳи оҳан тавассути Тоҷикистон алтернативаи он тавассути Ӯзбекистону Туркманистон вуҷуд дорад.
Ахиран, Эрон ҳам ҷонибдориашро аз роҳи оҳан тавассути Ӯзбекистону Туркманистон изҳор доштааст. Манучеҳр Муродӣ, сафири Эрон дар Қирғизистон дар сӯҳбат бо оҷонсии итилоотии АКИpress омодагии кишварашро барои бунёди қисмати қирғизии роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон изҳор доштаст. Манучеҳр Муродӣ таъкид кардаст:
«Роҳи кӯтоҳтарин то уқёнуси ҷаҳонӣ аз ҳудуди Эрон мегузарад. Барои мо фарқ надорад, ки роҳи оҳан аз ҳудуди Ӯзбекистон мегузарад ё Тоҷикистон, муҳим он аст, ки дар ниҳоят он бояд бо роҳҳои оҳани Эрон бипайвандад».
Дар ҳамин ҳол Қалиқбек Султонов, вазири нақлиёту коммуникатсияи Қирғизистон ба сомонаи интернетии Tazabek дар мавриди пешниҳоди Тоҷикистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон хабар дода, афзудаст, ки то ҳол онро баррасӣ накардаанд: «Ин лоиҳа барои мо аҳамияти нисбатан камтар дорад, чун лоиҳаи дигари роҳи оҳан – Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон аз нигоҳи иқтисодию стратегӣ аҳамияти бештар дорад».