Русия бензинашро барои Тоҷикистон моҳи оянда арзонтар мекунад
Русия шурӯъ аз якуми июл як тонна бензинро ба Тоҷикистон назар ба нархҳои моҳи ҷорӣ наздики 50 доллар арзонтар хоҳад фурӯхт.
Моҳи ҷорӣ интиқолдиҳандагони бензин ба Тоҷикистон зимни содироти он аз Русия 377,8 доллар боҷи содиротӣ месупоранд. Аз якуми июл ин нишондод 45,5 доллар камтар шуда, барои як тонна 332,4 долларро ташкил хоҳад дод.
Барои як тонна сӯзишвории дизелӣ ва маҳсулоти рушани нафтии дигар, Русия боҷи содиротиро аз моҳи оянда 243,7 доллар ба нақша гирифтаст, ки нисбати моҳи ҷорӣ 37 доллар арзонтар аст.
Александр Сакович, масъули Вазорати молияи Русия далели поёнравии боҷро аз моҳи оянда ба арзоншавии нархи нафт дар ҷаҳон рабт дод. Тибқи мониторинги Вазорати молияи Русия нархи миёнаи як бушка нафт аз 15-уми май то 15-уми июн ба ҳисоби миёна 102 доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз 15-уми апрел то 15-уми май ин нишондод ба 115 доллар баробар буд.