Зимнан, дар ин нишаст масоили густариши муносиботи иқтисодӣ, дурнамо ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, вазъият дар минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Соботка дар ҳузури муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон зикр кард, ки миёни ду кишвар ҳамкориҳои зич аз давраи Иттиҳоди Шуравӣ барқарор шудаанд ва Чехия аз вақти раёсаташ дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2009 тавсеа додани муносибатҳои иқтисодиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистонро аз самтҳои асосии сиёсати хориҷаи худ қарор додааст.
Дар ин мулоқот ба ҷузъ ҷаноби Соботка сафири ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон Роберт Копетски, раиси кумитаи оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ ва нақлиёти сенати Чехия Ян Ҳайда низ ширкат доштанд.