Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мухталифи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, ду рӯз қабл дар ҷумҳурии мардумии Чин ва ҷумҳурии Ӯзбакистон сабқатҳо ба итмом расиданд. Муштзани тоҷик, Ҷаҳон Қурбонов дар чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар Чин доир шуд, соҳиби ҷойи дуюм ва барандаи нишони нуқра гардид.
Ҳамзамон, Фаридун Устопириён чемпиони ҷаҳон дар вазни 100 кг, Сайёд Шайхов, қаҳрамони Осиё оид ба намуди гӯштини тарзи самбо байни ҷавонон дар вазни 75 кг, Комроншоҳ Устопириён, чемпиони Осиё оид ба намуди гӯштини тарзи самбо байни наврасон дар вазни 85 кг гардида, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд.