Вилояти Маскав барои муҳоҷирони тоҷик дари худро «боз» карданист
Олег Молодие,сардори раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва Владимир Балашов ,роҳбари шӯъбаи раёсати мазкур ба Душанбе ташриф оварданд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки эшон бо роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати кишвар мулоқот намуда, ҷонибҳо масоили ҳамкории дутарафаро дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла масоили ҷилавгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ намуданд. Дар назар аст, таъмини назорати самарабахши соҳаи муҳоҷират, ҳамчунин муқаррар намудани квотаҳо барои ҷалби муҳоҷирони Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои кор дар Федератсияи Русия, зимни дидори ҷонибҳо матраҳ шавад: « Вохӯрии масъулини Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» - и Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон низ дар назар аст».
Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст масъалаи интихоби муташаккилона ва ба вилояти Маскав фиристодани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.