Изҳори нигаронии Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёт дар Душанбе
Таҳти раёсати райиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр доир гардид.
Бино ба иттилои Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт, Убайдуллоев масъалаи ташкили фароғати мактабиён дар лагерҳои беруназшаҳрӣ ва наздимактабию майдончаҳои спортии назди биноҳои истиқоматиро бо таъмини ҳолати санитарию экологӣ аз ҷониби масъулин матраҳ намуда, дар ин зимн барои истироҳати бехатари сокинону меҳмонони пойтахт роҳандозии назорати ҳолати кӯлу ҳавзҳои шиноварии дар марзи шаҳри Душанбе фаъолиятдоштаро бо дарназардошти ба роҳ мондани хадамоти наҷотидиҳии алоҳида аз ҷониби Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дастур фармуд.
Ҳамзамон, бо назардошти фасли гармо ва зиёд шудани талаботи шаҳрвандон ба нӯшокиҳои ташнашикан баҳри таъмини амнияти истеъмолӣ ва сиҳатии омма супориш дод, ки нисбати пешгирӣ аз фурӯши нӯшокиҳои ташнашикани ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуда дар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр ва боғҳову мавзеъҳои истироҳатӣ чораҳо тақвият дода шуда, риояи барориши саривақтии партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз тарафи сохторҳои ноҳиявӣ зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Дар ин росто раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки нисбати боздошт ва безараргардонии сагҳои дайду ва ҳорӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо баҳри таъмини амнияти сокинон чораҳоро пурзӯр намоянд.
Дар ҷаласа ҳамзамон ҳолати роҳҳо ва суръатбахшии корҳои сохтмонӣ дар роҳҳои таҷдидшавандаи шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдорӣ карор гирифта, дастур гардид, ки масълаи иҷрои босифати корҳо аз рӯи мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ ва мӯҳлати анҷоми онҳо аз ҷониби пудратчиёни иншоот мавриди санҷиши сохтор ва комиссияи ҷамъиятии марбута қарор дода шавад.
Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи танзими расму оин дар шаҳр, пеш аз ҳама истифодаи беш аз меъёри воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни баргузории расми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани чунин камбудиҳо ба масъулини соҳа ва шӯъбаи БДА-и РКД-и шаҳри Душанбе супоришоти қатъӣ дод.