Боздошти гурӯҳи “Ёрии таъҷилӣ”-и қалбакӣ дар Маскав
Тавре сомонаи РУД-и Маскав менависад, боздоштшудагон сокинони шаҳри Ногински назди Маскав будаанд.
Пулис мегӯяд, яке аз ин нафарон як сол пеш нақлиёти корношоями “Ёрии таъҷилӣ” - ро харидорӣ намуда будааст. Қаллобон дар дармонгоҳҳо ва бемористонҳои Маскав эълони кашонидани беморонро насб кардаанд ва ҳамарӯза 3-4 беморро ғайриқонунӣ ба бемористонҳо интиқол медодаанд. Ин гурӯҳи дунафара барои ҳимояти худ аз беморон забонхат, ки ягон эътирозе надоранд, мегирифтаанд.
Ин қаллобиро мудири бемористони №12 дар лифти беморхонааш ошкор кардааст. Либоси касбии духтурон ба чашми мудири дармонгоҳ шубҳаовар намудааст. Баъди чанд саволи умумӣ ба “кормандони ёрии таъҷилӣ” мудири беморхона пай бурдааст, ки духтурон “қалбакӣ” мебошанд. Ӯ фавран пулис ва посбононро даъват намудааст.
Мошини “ёрии таъҷилии дурӯғин” - ро дар истгоҳи назди дармонгоҳ пайдо намудаанд. Маълум гардидааст, ки ин нақлиёт дар ягон бемористони Маскав ва минтақаҳои Наздимаскав дар қайд набуда, шумораи давлатиаш низ қалбакӣ будааст. Аз дохили мошин далелҳои шайъӣ - забонхати беморон бозёфт карда шудаанд.
Гуфтанист, ин барои бори аввал аст, ки дар Русия қаллобон аз чунин тартиби ҷиноят кор мегиранд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.