Маскав 80-солагии Мӯъмин Қаноатро таҷлил менамояд. Бо шукӯҳ ва шаҳомат
Дар бинои «Хонаи миллатҳои Маскав» бахшида ба 80 -солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат рӯзи 28 июн маҳфили адабӣ доир мегардад.
Абдулло Давлатов, райиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия ба хабаргузории Озодагон гуфт, дар маҳфили назму шеър худи устод, шогирдону муҳаққиқони эҷодиёти ӯ аз Тоҷикистон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, гурӯҳҳои эҷодкори Афғонистон, Эрон ва Федератсияи Русия ширкат мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин маҳфили назм кумитаи тадорукотӣ аз ҷумлаи намояндагони иттифоқи тоҷикони Русия, намояндагии фарҳанги назди Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ассосиатсияи созмонҳои «Самандар» ва «Нур»- и тоҷикон ва ҷамоаи афғонҳо таҳти раёсати шоир ва тарҷумони шинохта Михаил Синелников ҳамаи хоҳишмандони назми волои бадеъро ба маҳфили халқҳои форсизабон бахшида ба солгарди шоири маҳбуб даъват менамоянд.
Инчунин манбаъ афзуд, ки зимни баргузории маҳфил барномаи консертӣ ва намоиши китобу расмҳо барои ҳаводорони маҳфил доир мегардад.