Бозор ва талаботи он ба мутахассисон- мавзӯи баррасишуда дар Шӯрои МН
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 18 – уми июн таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат»- ро баррасӣ намуданд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, вобаста ба масъалаи мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова дар назди аъзои Шӯро суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки бо тағйир ёфтан ва инкишофи шаклҳои моликият дар ҷумҳурӣ, даст кашидан аз иқтисодиёти нақшавӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ, талабот ба касбу ҳунарҳои гуногунро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон ба ташаккули бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ки он яке аз рукнҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ва талаботи шаҳрвандон ба неъматҳои моддӣ мебошад.
Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат равона гардида, барои дар иқтисодиёти мамлакат ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти инноватсионӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дар маҷмӯъ 26 масъала аз тарафи аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.