Қарзи Тоҷикистон барои Тоҷикистон хатар надорад?
Хатари қарзи хориҷии кишвар дар ВАО аз ҷониби коршиносони алоҳида муболиға карда мешавад.
Манбаи воломақом аз вазорати рушди иқтисод ва савдо тасдиқ кард, ки ҳар гуна қарздорӣ падидаи номатлуб аст ва барои роҳбарияти сатҳи гуногуни давлати қарздор, зимни қабули қарорҳо як вобастагии муайянро аз ҷониби қарздиҳанда ба бор меорад:
«Аммо он ҳаҷми қарздорие, ки Тоҷикистон айни ҳол дорад, таҳдидовар нест. Тоҷикистон кўшиш дорад, қарздорӣ аз Чинро нисбати қарзҳои дигар кишвару созмонҳо дар мувозинат қарор диҳад. Ҷониби Чин айни ҳол омода аст, чӣ қадар қарзе, ки даркор аст ба Тоҷикистон диҳад. Аммо масъулини тоҷик бо мақсади нигаҳдошти мувозинат аз он худдорӣ карда истодаанд. Дар маҷмӯъ, қарзҳои хориҷӣ то 40 фоизи ММД дар ҳудуди эътидол маҳсуб меёбад. Дар ҳоле, ки барои мисол дар Юнон ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз ҳаҷми ММД зиёд аст, вале дар ин кишвар монанди Тоҷикистон ин масъаларо ташаннуҷ намедиҳанд».
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати аввали апрели соли ҷорӣ 2 миллиарду 138 миллионро ташкил дода, камтар аз 30 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳанд. Фоизи қарзи хориҷии Тоҷикистон камтар аз 2 ва мўҳлати ин қарзҳо то 40 солро ташкил медиҳад.