Сохтмони дарғоти НБО-и Роғун боз ба таъхир афтод
Дар ин бора Шӯрои нозирони ҶСК ин неругоҳ қарор баровардаст.
Тибқи ин иттилоъ, дигар кардани маҷрои дарёи Вахш ва барқарорсозии дарғоти нерӯгоҳ ба таъхир андохта мешавад.
Далели инро масъулини Шӯрои назоратӣ ҳанӯз ҳам пешниҳод нагардидани хулосаи экспертҳои байналмилалӣ доир ба асосноккунии техникӣ иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоӣ – экологи нерӯгоҳи Роғун меноманд.
Ин дар ҳолест, ки беш аз як сол пеш Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор дошт, ки 1,5-2 сол пас навбати якуми нерӯгоҳи «Роғун» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Аммо ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ гузаронда мешавад, ҳанӯз ҳам анҷом наёфтаст. Наздики ду сол мешавад, ки лоиҳаи НБО и Роғунро аз нигоҳи экологӣ, ширкати швейтсариягии «Poiry Energy LTD» омӯхта, Консорсиуми байналмилалии дигар, зери роҳбарии ширкати фаронсавии «Coyne et Bellier Consultinq Engineers» ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи НБО-и «Роғун» машғул мебошад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ахиран изҳори умед кард, ки хулосаи ниҳоии ташхис на дертар аз моҳи феврали соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.
Тибқи меморандуми ҳамкорие, ки ду сол пеш байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ имзо шудааст, дар сурате, агар иддаои Ӯзбакистон, оиди зарарҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии НБО – и Роғун, зимни ташхиси байналмилалӣ тасдиқи худро наёбанд, Бонки ҷаҳонӣ ваъда додаст барои ёфтани сармоя, ҷиҳати татбиқи лоиҳаи Роғун кӯмак мекунад.
НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Ӯзбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд.