М.Убайдуллоев: Ба нақзи ҳуқуқи сокинони Душанбе роҳ набояд дод
Раиси шаҳри Душанбе охири ҳафтаи сипаришуда сокинони пойтахтро, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Тавре Шафқат Саидов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳр ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, зимнан, 29 нафар сокинони шаҳр барои қабули шахсӣ пазируфта шуданд.
-Дар маҷмўъ мўҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро масъалаи баҳси замин, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кўмакҳои молиявию маслиҳатӣ ташкил медод, ки вобаста аз салоҳиятҳои шаҳрдорӣ нисбати ҳар кадомашон тадбирҳо андешида шуданд,-афзуд манбаъ.
Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷўҳи муроҷиаткунандагон ва масъулини шаҳрдориро ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дар ин радиф фаромўш накардани иҷрои вазифаву масъулиятҳои шаҳрвандӣ нигаронида, бо дастуру ҳидоятҳо даъват ба миён овард, ки дар низоми бо суботи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаҳои мустақимро бо истифода аз технологияву усулҳои муосири робита бо ҷомеа баҳри баровардагии ниёзҳои сокинон роҳандозӣ карда, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
-Вобаста ба ин нагузоранд, ки ҳуқуқҳои сокинон ҳангоми баррасии муроҷиатҳояшон бо роҳҳои сохтакорона монеаэҷодкунии масъулон поймол гардида, ҳамзамон ба сўистифодаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ баҳри таъмини волоияти қонун роҳ дода шавад,-гуфт Убайдуллоев.