Гӯштингири варзидаи тоҷик Расул Боқиев дар шаҳри Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд.
Тибқи иттилои Ширинҷон Мамадсафоев, нойиб-райиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон паҳлавони тоҷик дар сабқати мардон дар вазни то 73 килограм ин ғалабаро ба даст овард.
Бино ба қавли номбурда, Расул дар вазни то 73 килограмм ба ҳарифаш Стефан Бичисани румин ғолиб омада, дар идомаи сабқат Ҷорҷ Фернандеси португалӣ ва Ҷонатан Аллардони фаронсавиро мағлуб кард. Дар даври ниманиҳоӣ бошад, Расул Боқиев Даниел Уиллямси англисро шикаст дода, дар охир ба рақибаш Иосеф Палелашвилии исроилӣ ғалаба кард. Расул Боқиев дар ин мусобиқа соҳиби 100 имтиёз гардида, миқдори умумии холҳояш ба 298 баробар шуд. Ҳамакнун, варзишгари тоҷик дар қатори 30 нафар дзюдочиёни беҳтарини дунё ҷой гирифт.
Дар ҳамин мусобиқа паҳлавонони дигари тоҷик Фарҳод Раҳимов (81 кг), Парвиз Собиров (90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (то 100 кг) аз нишонҳои ифтихории сабқат бенасиб монаданд.{jathumbnail off}