Масъулини Асосиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон сабаби дода нашудани қарзҳои дарозмӯҳлати бонкиро дар кишвар камбуди пасандозҳои мардуму ширкатҳо дар бонкҳо номиданд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон қарзҳо аз 6 моҳ то 36 моҳ дода мешаванд, аммо аксари пасандозҳо аз 3 то 12 моҳ мебошанд:
«Бонкҳо ӯҳдадоранд, ки сари вақт фоизҳои пасандозҳоро рӯйпуш намоянд. Барои дарозтар намудани мӯҳлати қарзҳо сармояҳо ва пасандозҳои дарозмӯҳлат лозим аст».
Дар мавриди фоизҳои баланди қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон манбаъ афзуд, ки сабабаш кифоя набудани сармояи бонкҳо, қимат ҷалб кардани пасандозҳои мардум аст.
-Фоизи миёнаи пасандозҳо бо пули миллӣ 16,66 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 13,64 солонаро ташкил медиҳад. Барои паст кардани фоизи қарзҳо бояд пасандозҳо ва диведендҳои саҳомӣ бо фоизи паст ҷалб карда шаванд,-афзуд сарчашмаи хабар