4 миллиард сомонӣ дар дасти аҳолӣ. Эътимоди ками мардум ба бонкҳои кишвар
Се ислоҳоти пулӣ, ки тайи солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон сурат гирифт, боиси аз бонкҳо дилхунук шудани амонатгузорон гаштааст.
Масъулини Асосиатсияи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ин омилро шарҳ дода, мегӯянд, аз ин рӯ, сокинони кишвар пасандозашонро на дар бонкҳо, балки дар хона нигоҳ медоранд.
Ба иттилои манбаъ, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми ҷумҳуриҳои дигар пули миллии худро ба муомилот бароварданд. Дар Тоҷикистон бошад, рубли шӯравӣ гардиш мекард. Сипас, Федератсияи Русия пули нави худро ба муомилот баровард. Тамоми маблағҳое, ки мардум дар бонкҳо ба сифати пасандоз бо пули шӯравӣ нигоҳ медоштанд, яку якбора арзиши худро гум карданд.Тоҷикистон, ки дар ин муддат гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ буд, имконияти ҷуброн кардани пасандозҳои мардумро надошт: «Ҷумҳурии мо ҳамоно дар минтақаи рубли Русия буд ва танҳо 10-уми майи соли 1995, аз ҳама охир пули миллии худ - рубли тоҷикиро ба муомилот баровард. Дар ин ислоҳот таносуби рубли тоҷикӣ бо рубли Федератсияи Русия 1: 1000 буд. Ба замми ин мӯҳлати табдил намудани рубли тоҷикӣ бо рубли русӣ хеле кӯтоҳ муқаррар карда шуд, ки ин ташвишу саргардонии мардумро дучанд зиёд намуда буд».
Соли 2000 -ум дар мамлакат боз ислоҳоти навбатии пулӣ гузаронида шуд ва воҳиди пули сомонӣ бо таносуби 1: 1000 ба муомилот бароварда шуд. Ҳамаи ин боварии мардумро ба бонкҳо коҳиш дод. Аз ин сабаб, дар мафкураи мардум нигоҳдоштани пул дар хона нисбат ба бонкҳо авлотар гардид.
Айни ҳол тибқи изҳороти вакилони парлумони Тоҷикистон дар дасти мардум ҳудуди 4 миллиард сомонӣ маблағҳои озод хобанд, ки аз гардиш берун монда, самаранокиашон ба иқтисодиёт ночиз аст.