Мудири тарабхонаи «Тоҷикматлубот» мавриди латукӯб қарор гирифт
Шаҳрванди 26-солаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷониби се нафар ҳамватани худаш дар Душанбе латукӯб шудааст.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба вазорат аризаи Миргазанфари Алӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, сокини кӯчаи Бохтар, ки феълан мудири тарабхонаи «Тоҷикматлубот» шуда кор мекунад, ворид гаштааст.
Бино ба қавли ӯ, рӯзи 13 июни соли ҷорӣ се ҳамватанаш бе ягон асос дар ҷойи кор ба номбурда дарафтода, латукӯб кардаанд.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейнисангари Саёдразӣ Мирраҳмони 29- сола, Ҳусенисангари Миралиризо Мирраҳмони 24-сола, ва Саидасғар Оғосодот Саидисмоили 45- сола, муваққатан сокинони меҳмонхонаи «Пардис»-и пойтахт дастгир карда шуданд.