Нархи бензин дар Тоҷикистон боз боло рафт. Чаро?
Имсол воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аз сабаби баланд шудани боҷи содиротии гумрукӣ аз тарафи содиркунандагон коҳиш ёфтааст.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, маҳсулоти нафтӣ дар 5 моҳи ахир ҳудуди 48 ҳазору 595 тонна ба кишвар ворид шудааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 214 ҳазору 903 тоннаро ташкил медод. Яъне ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар нисбати 5 моҳаи соли гузашта 66 ҳазору 308 тонна коҳиш ёфтааст. Манбаъ мегӯяд, дар кишвар беш аз 65 адад корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғул шудаанд: «Тибқи маълумотҳои дастрасшуда дар 5 моҳи соли 2012 воридоти намудҳои маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин – 68957 тонна, сўзишвории дизелӣ – 43972 тонна, сӯзишвории реактивӣ – 21475 тонна, мазут – 5313 тонна, битум – 4054 тонна, равғанҳои молиданӣ 4824 тоннаро ташкил додааст».
Масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз медоранд, ки моҳҳои охир нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба поинравӣ дорад. Агар дар аввали моҳи апрели соли 2012 нархи як баррел нафти хоми Брент ба 124,37 доллари америкоӣ баробар бошад, ин нишондод 12 июни соли ҷорӣ 100,88 доллари америкоиро ташкил дод. Феълан дар Тоҷикистон нархи як литр бензин ҳудуди 6 сомону 40 то 6 сомону 60 дирамро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20% қимат аст.