Шӯрообод маризони афғонистониро муолиҷа мекунад
Тайи ду моҳи ахир 15 шаҳрванди Афғонистон дар ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд.
Абдулбашир Қурбонов, духтури ин касалхона ба хабаргузории Озодагон гуфт, асосан муолиҷагирандагон аз манотиқи марзии Афғонистон ҳастанд ва эшон дар пайи тавофуқи миёни ду кишвар иҷоза пайдо кардаанд барои дармон ба бемористони ноҳияи Шӯрообод муроҷиат кунанд.
Гуфтанист, бештари ин беморон занону кӯдакон буда, аз миёни онҳо танҳо як нафар ҷавонписар буд, ки пас аз захмбардорӣ дар Афғонистон ба Шӯрообод омада, табобат гирифт.