ММ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Нур Нуров розигӣ дод
Рӯзи гузашта (14-уми июн) дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ММ МО ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.
Тавре Шафқат Сайидов, ёвари райиси палатаи болоии парлумон оид ба равобит ба ҷомеъ иттилоъ дод, аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 57 масъалаҳои дар он шомилгардида, шурӯъ намуданд.
Зимнан, 7 қонунҳои наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи ангишт», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, «Дар бораи криптография» дар ин зимн аз қабили масоили мавриди дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ буданд.
Инчунин, бо Қарорҳои дахлдори дар иҷлосия тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабулгардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ванҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мӯъминобод тағйир ёфта, дар деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон деҳаи Ваҳдат таъсис ва сарҳади ноҳияи Данғара тағйир дода шуд.
Ҳамзамон, тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одинаро бобати додани ризоият барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳангоми зарурат ба ҳабс гирифтани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Нур Эрмоновичро қонеъ карда, муроҷиати унвонии иҷлосия воридгардидаи муштариён ва кормандони ҶДММ “Мовароуннаҳр”-ро барои баррасӣ ба Суди Олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.