КАМАЗ бо 40 тонна сӯзишворӣ ба дарёи Варзоб сарозер шуд
Бар асари ин сониҳаи нақлиётӣ ронандаи боркаш ба ҳалокат расида, айни замон бо кӯмаки сокинони рустои Ҳушёрӣ ҷасади ӯ ба соҳил бароварда шудааст.
Тавре Илҳомиддин Ашӯров, шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории Озодагон зимни як тамоси телефонӣ иттилоъ дод, садама дар соати 16-у 50 дақиқа рух додааст: «Сарнишини КАМАЗ бо суръати баланд ҳаракат карда, аснои гардиши роҳ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ба рӯди Варзоб ғарқ шудааст».
Бино ба қавли сарчашмаи хабар, сониҳаи мазкур дар километри 44-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳоли ҳозир нақлиёт дар даруни дарё буда, аз систернаи он моеъи сӯзишворӣ ҷорист. Гузашта аз ин, барои аз рӯдхона берун кардани КАМАЗ крани пурқуввати борбардор ва мутахассисон заруранд. -- -То ҳамин соат касе аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба маҳалли ҳодиса наомадааст,-афзуд манбаъ.